Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:31
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Мулоқот бо Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Posted Fri, 04/05/2024 - 13:20
By shahnavoz

5-уми апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот карданд.

Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун

Posted Fri, 04/05/2024 - 13:19
By shahnavoz

5-уми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. 

Иштирок дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”

Posted Fri, 04/05/2024 - 09:03
By shahnavoz

4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок карданд.

ХАБАР

Posted Wed, 04/03/2024 - 15:51
By shahnavoz

3 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд.

Ин иқдом бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат гирифта шудааст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Донишҷӯёни тоҷик дар озмуни байналмилалии «Садоҳои Наврӯз» сазовори ҷои аввал гардидан

Posted Tue, 04/02/2024 - 12:16
By shahnavoz

Ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Садоҳои Наврӯз» («Навруз садолари»), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, соҳиби ҷои аввал гардид.

Натиҷаи заҳматҳои устодон, меҳнати пурсамар ва маҳорати баланди навозандагӣ ба донишҷӯён имкон дод, ки дар байни иштирокчиёни озмун сазовори ҷойи аввал гарданд.

Либоси милли нишон аз фарҳанги миллии мост

Posted Thu, 03/28/2024 - 09:38
By shahnavoz

Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд.

Наврӯз-ҷашни хуррамию шодӣ!

Posted Thu, 03/28/2024 - 09:21
By shahnavoz

Истиқболи гарму самимӣ аз ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.Дар ҳамоиши наврӯзӣ роҳбарияти кумита, масъулону доираи васеи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар зерсохторҳо иштирок намуданд.

Нахуст роҳбарияти кумита аз хони наврӯзӣ, ҳафт шину ҳафт син, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулдузӣ, анвои нонию қаннадӣ ва дигар дастовардҳо дидан карданд.

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад

Posted Wed, 03/27/2024 - 09:38
By shahnavoz

Наврӯз ҷашни оғоз аст, оғози оғозҳост. Ҷашни офариниш, ҷашни зодрӯзи Замин, зодрӯзи  инсон, зодрӯзи Хуршед, яъне ҷашни ҷашнҳо аст.

Наврӯз ҷашни эҳё аст, ҷашни тавлиди нур ва рӯшноӣ. Ҷашни зебоӣ, ҷашни шеъру суруд, ҷашни савту дуруд, ҷашни нишоту сууд.

Наврӯз ҷашни коштан аст, коштани ишқ, коштани умед, коштани донаҳои саховату некӣ, покиву порсоӣ, коштани ризқи мардум.