Ифтитоҳи сардхонаи муосири ҶДММ “Сомон Агро Саноат” дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:37
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон Агро Саноат”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории ширкати “Сомон Агро Саноат” бунёд гардида, имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро доро мебошад.

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ

Posted Thu, 12/14/2023 - 16:36
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои  бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки бунёди филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғараро ба роҳ монад.

Ифтитоҳи бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон

Posted Thu, 12/14/2023 - 12:37
By shahnavoz

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Posted Wed, 12/13/2023 - 13:28
By shahnavoz

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароиту имконоти бинои нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

Posted Wed, 12/13/2023 - 11:05
By shahnavoz

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Ифтитоҳи бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Wed, 12/13/2023 - 11:04
By shahnavoz

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 ба ифтихори Иди касбии кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо гузошта шуда буд.

МУЖДАИ ФАРҲАНГӢ.

Posted Thu, 12/07/2023 - 09:25
By shahnavoz

5 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд.

Бояд гуфт, ки 4 декабр дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шуруъ шуд.

ХУШХАБАР:

Posted Wed, 12/06/2023 - 14:04
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.

ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ ВАҚТЕ,КИ ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД ҚАДР МЕГАРДАНД.

Posted Wed, 12/06/2023 - 14:03
By shahnavoz

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия - “Биё ҳама якҷо” Фаррух Ҳасанов, калиди хонаи 3-ҳуҷрагиро тақдим намуд.

Чунин ҷавонони соҳибистеъдод ҳамеша аз ҷониби давлату ҳукумат дастгирӣ меёбанд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали победителю конкурса российского телевидения - "Ну-ка, все вместе!" Фарруху Гасанову вручил ключ от 3-комнатной квартиры.

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 12/05/2023 - 14:02
By shahnavoz

5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардид.

Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан доданд.