Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр якдилона қабул намуд

Posted Mon, 05/06/2024 - 09:59
By shahnavoz

2 май  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қатънома аҳаммияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.

Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо

Posted Tue, 04/30/2024 - 16:27
By shahnavoz

29-уми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов

Posted Tue, 04/30/2024 - 16:25
By shahnavoz

30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмӯи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Fri, 04/19/2024 - 16:59
By shahnavoz

19-уми апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19-уми апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Зимни ин сафар меҳмони олимақом муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПОИ шаҳри Душанбе

Posted Fri, 04/19/2024 - 16:58
By shahnavoz

19-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе

Posted Fri, 04/19/2024 - 16:56
By shahnavoz

19-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Чорабинӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон сурат гирифт.

Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду кишвар бо номи “Дӯстии ҷовидон” дар Кохи Борбад

Posted Fri, 04/19/2024 - 09:05
By shahnavoz

18-уми апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Posted Fri, 04/19/2024 - 09:02
By shahnavoz

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат  мехоҳам.

Мо ин сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон, Шавкат Миромонович,  дар таърихи муносибатҳои ду кишвар рӯйдоди муҳим медонем.

Натиҷаҳои онро ҳамчун дастоварди арзишманд дар пешбурди раванди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо арзёбӣ менамоем. 

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистону Узбекистон

Posted Fri, 04/19/2024 - 09:00
By shahnavoz

18-уми апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад.

Posted Thu, 04/18/2024 - 11:40
By shahnavoz

Дар доираи сафар ҳамчунин барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Дӯстии ҷовидон» доир мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар таҳкими муносибати ду давлати дӯсту бародар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 доир шуд, нақши босазо гузошт. Зимни ин сафар 27 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд.