18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Posted Thu, 04/18/2024 - 11:31
By shahnavoz

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

18 апреля Президент Республики Узбекистан уважаемый Шавкат Мирзиёев с государственным визитом прибыл в Таджикистан.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуд.

Posted Thu, 04/18/2024 - 11:30
By shahnavoz

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуд.

Сегодня Президент Республики Узбекистан уважаемый Шавкат Мирзиёев прибыл с государственным визитом в столицу Республики Таджикистан – город Душанбе.

Today, the President of the Republic of Uzbekistan, honorable Shavkat Mirziyoyev, has arrived in Dushanbe, capital of the Republic of Tajikistan, on a state visit.

Дар остонам осмон, дар тори сар тоҷи Каён...

Posted Wed, 04/17/2024 - 10:22
By shahnavoz

Точикон дар тули хазорсолахо чабру чафои ачнабиёнро бо сабру тахаммул ва бурдбории мардонавор паси cap намуда, бо дастовардхои безаволи фархангиашон бехтарин бозёфтхои маънавии нухбагони сарзамини хешро хифз кардаанд. Барой миллати куханбунёди точик пас аз сукути давлати Сомониён кариб хазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиклоли деринтизори сиёсӣ, иктисодӣ, ичтимоӣ ва фархангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиклолияти давлатии точикон аз чониби чомеаи чахонб бо каноатмандӣ эътироф гардид.

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:41
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳӣ дар шаҳри Гулистон

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:40
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.

Ифтитоҳи ҶДММ “Муосир-пласт” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:38
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд.

Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 млн. дона маҳсулот истеҳсол намояд.

Ифтитоҳи Кӯдакистон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:37
By shahnavoz

9 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.

Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Боздид аз коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” дар Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:36
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”  бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.

Тақдими тӯҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои ятимон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:34
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888” дар арафаи Иди саиди Фитр  чун оини неки инсондӯстона ба 80 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Ба истифода додани корхонаи ҶДММ “Титан 8888” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 04/09/2024 - 15:32
By shahnavoz

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.