Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

Posted Fri, 09/08/2023 - 10:35
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН НИШОНАИ ҶАВОНМАРДӢ ВА РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ДАВЛАТДОРИСТ.

Posted Wed, 09/06/2023 - 10:11
By shahnavoz

         Шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд.

Далели мазкур саривақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

Posted Mon, 09/04/2023 - 16:59
By shahnavoz

4-уми сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов мулоқот доир намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид намуданд.

Дар ин замина ба густариши босамари робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон -  яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Федератсияи Русия, изҳори алоқамандӣ карда шуд.

Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/01/2023 - 17:04
By shahnavoz

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” оғоз бахшиданд.

Фаъолияти корхонаи саноатӣ ба коркарди ашёи хом, истеҳсоли профил бо андозаҳои гуногун, тахтаҳои пластикӣ барои фарши хона, дару тирезаҳои пластикӣ ва оҳанин равона карда шудааст. Айни замон дар корхона 5 намуди маҳсулоти пластикӣ истеҳсол карда мешавад. 

Иштирок дар Рӯзи дониш ва мулоқот бо аҳли маориф

Posted Fri, 09/01/2023 - 17:02
By shahnavoz

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ карда, бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод карданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш

Posted Fri, 09/01/2023 - 17:00
By shahnavoz

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/01/2023 - 16:59
By shahnavoz

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.

Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.

Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурӯдгоҳи ноҳияи Данғара

Posted Fri, 09/01/2023 - 16:57
By shahnavoz

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурӯдгоҳи ноҳия меҳмони олиқадр, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, фаъолон ва аҳли фарҳангу ҷавонон бо самимияти беандоза ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд. 

Ҳамдардии Пешвои миллат ба аҳли хонаводаи шахсони ҳалокшудаи бар асари боридани борони зиёд ва рух додани офати табиӣ

Posted Mon, 08/28/2023 - 10:21
By shahnavoz

27-уми август бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар , аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Posted Sat, 08/26/2023 - 22:14
By shahnavoz

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дошт, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоти сатҳи олии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев доир гардида, Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ иштирок карданд.