Ташаббуси башардӯстонаи Пешвои миллат,Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офати табии зарардидаи Афғонистон.

Posted Wed, 10/18/2023 - 10:26
By shahnavoz

Ба мисли Пешвои миллат шахси башардӯсту дарёдил,ташаббускору сулҳофар ва бо нангу орро таърих ёд надорад.Ӯ воқеан шахсияти пазируфтаи таърих аст.Дасти ҳимматаш барои ҳама инсонҳои рӯи олам саховатмандона мерасад.Ташаббусҳои олии Пешвои миллат дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳри сулҳу субот ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.Бо чунин Пешво фахри замону хушбахти ҷаҳонем.

 

Иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Posted Fri, 10/13/2023 - 20:21
By shahnavoz

13 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Posted Fri, 10/13/2023 - 15:06
By shahnavoz

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Posted Fri, 10/13/2023 - 15:05
By shahnavoz

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Fri, 10/13/2023 - 15:04
By shahnavoz

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров истиқбол гирифт.

Сафари корӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

Posted Fri, 10/13/2023 - 08:49
By shahnavoz

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НУРИДДИН САИД БА ИФТИХОРИ «РЎЗИ ФАЛАК»

Posted Tue, 10/10/2023 - 12:23
By shahnavoz

Санъати мусиқӣ – падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки  дар рушди маънавии ҷомеа нақши  муҳим дошта, ҷузъи қавии  фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва этногенези ҳар миллат  маҳсуб меёбад.

Мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро  аз қабили Шашмақом ва Фалак фаро мегирад, таърихи хеле қадима дорад.

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд

Posted Fri, 10/06/2023 - 19:11
By shahnavoz

5-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва супоридани Шоҳҷоизаю ҷоизаҳо ба ғолибони озмун бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо пешниҳоди барномаи фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи панҷ номинатсия ғолибон, аз ҷумла дар номинатсияи «навозандагӣ» жанри анъанавӣ Фазлиддин Одинаев, номинатсияи «сарояндагӣ» Хусрав Ҳабибов, номинатсияи «композиторӣ» Манучеҳр Бурҳонов, номиантсияи «санъати тасвирӣ» Муҳаммадҷон Ҳикматзода ва номиантсияи «дизайн» Наргис Саидова соҳиби Ш

Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Posted Mon, 10/02/2023 - 11:00
By shahnavoz

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шаҳри Берлин ба Ватан баргаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” ва Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок карда, бо як қатор роҳбарони воломақоми ин кишвари мизбон мулоқот карданд.

Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк - Валтер Штайнмайер

Posted Fri, 09/29/2023 - 16:16
By shahnavoz

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.