Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
