Мулоқот бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
