Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Posted Mon, 09/22/2025 - 08:37
By shahnavoz

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”

Posted Wed, 09/17/2025 - 08:48
By shahnavoz

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад.

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Posted Tue, 09/16/2025 - 10:16
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

Posted Tue, 09/16/2025 - 10:15
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Роҳбари давлати мо аз ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар, ки рӯзи 9 сентябр рух дод, изҳори таассуф намуда, ин амалкардро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар номиданд.

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

Posted Tue, 09/16/2025 - 10:14
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар бо дар назар доштани манфиатҳои муштарак ва бар асоси усули дӯстиву бародарӣ пайваста густариш меёбанд.

Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар

Posted Tue, 09/16/2025 - 10:13
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини Сарвазир – Вазири мудофиаи Давлати Қатар Шайх Саъуд ибни Абдураҳмон оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

 

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

Posted Tue, 09/16/2025 - 10:12
By shahnavoz

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" баъд аз таъмиру навсозӣ ва иштирок дар барномаи адабӣ-фарҳангӣ

Posted Thu, 09/11/2025 - 18:37
By shahnavoz

11 сентябр дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон"-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд.

Дар даромадгоҳи "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон"  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ва аҳли илму фарҳанги вилояти Хатлон бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Муаррифии лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор дар масофаи 54,1 километр

Posted Thu, 09/11/2025 - 18:36
By shahnavoz

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд.

Роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад. Амалӣ шудани ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбанд.

Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон

Posted Thu, 09/11/2025 - 18:35
By shahnavoz

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат нахустин муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Таъсиси чунин муассиса дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз лиҳози барномаҳои таълимӣ, кадрҳои соҳибтахассус, имтиёз ба хонандагон ва шароиту инфрасохтор бартарӣ дорад, бозгӯ аз зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштани соҳаи маориф ва илм мебошад.