Мулоқот бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Ҳамчунин дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пӯлӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
