«Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Posted Tue, 05/30/2023 - 11:12
By shahnavoz

 24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Ифтитоҳи ҶДММ «Сипар гурӯҳ» дар шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:40
By shahnavoz

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар гурӯҳ» - ро ба истифода доданд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:39
By shahnavoz

24 майи дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд.

Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» бо дарназардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.

Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии муборизабар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:38
By shahnavoz

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо дарназардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.

Шиносоӣ бо Лоиҳаи банақшагирии қисмати маркази шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:34
By shahnavoz

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати маркази шаҳри Турсунзода шинос шуданд.

Мутобиқи маълумот ҷиҳати татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:34
By shahnavoz

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Боргоҳи илму маърифат бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:32
By shahnavoz

Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.

Хоҷагӣ соли 2016 ташкил гардида, дар он 8 саҳмдор ба корҳои кишоварзӣ машғуланд.

Боздид аз ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон”-и шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:32
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва он соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.

Боздид аз ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон”-и шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:30
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва он соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 дар шаҳри Турсунзода

Posted Wed, 05/24/2023 - 12:27
By shahnavoz

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93, 400 нафар хонанда таҳсил менамояд.