Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИИОСП” таҳия шудааст.
