Ифтитоҳи бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар ноҳияи Данғара
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандартро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардида, дар масоҳати 2 ҳазору 850 метри мураббаъ ҷойгир мебошад. Сохтмони он моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Агентии Тоҷикстандарт пурра ба анҷом расонида шудааст.
