Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 7 иншоот дар ноҳияи Шаҳристон

Posted Tue, 07/07/2026 - 16:29
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара расман оғоз бахшиданд. Тибқи иттилои масуълин дар иншооти мазкур 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ифтитоҳи хатти оби полезӣ, муаррифии лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Posted Tue, 07/07/2026 - 16:28
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ

Posted Tue, 07/07/2026 - 09:50
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои муассисаи таълимиро дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз мавриди истифода қарор доданд.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сурма дар ноҳияи Айнӣ

Posted Tue, 07/07/2026 - 09:49
By shahnavoz

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст Корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор дода шуд.

НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА

Posted Tue, 07/07/2026 - 09:46
By shahnavoz

[07.07.2026 9:29] Suhrob A: НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА
Санаи 6-уми июли соли 2026 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита Саидзода Носир Озод, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

Иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ

Posted Fri, 07/03/2026 - 20:51
By shahnavoz

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Posted Fri, 07/03/2026 - 20:50
By shahnavoz

3 июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият карданд.

Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.  

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

Posted Fri, 07/03/2026 - 20:49
By shahnavoz

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр -  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.

ЭЪЛОН! НИШАСТИ МАТБУОТӢ!

Posted Fri, 07/03/2026 - 12:02
By shahnavoz

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки санаи 06.07.2026 соати 09:00 дар бинои Кумита нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор мегардад.

Бо эҳтиром,
Котиби матбуотии Кумита,
Шоҳҷаҳон Абдураҳмонзода.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

Posted Fri, 07/03/2026 - 12:01
By shahnavoz

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.