Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати нақши муассири миёнҷигариатон дар роҳи расидан ба созиши сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик мегӯям.
