Мулоқот бо бунёдгарони неругоҳи барқии обии Роғун
27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо кормандони Неругоҳи обии Роғун ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои то имрӯз бадастомада нисбат ба боздиди соли гузашта беҳтар ва назаррас мебошанд.
